ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 май, ҷумъа, 128-умин рӯзи соли 2026 аст
8 майи соли 2010 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳои ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
***
8 майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Русия ва Қирғизистон ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд.
***
8 майи соли 2021 дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд. Зимни мулоқот маҷмуи масъалаҳои мубрами муносибатҳои ҳамкорӣ ва шарикии стратегии ду давлат, ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор доштанд.
***
8 майи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба ба «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ташриф оварданд.
***
8 майи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ ба муносибати таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
8 майи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барои боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар намуданд.
8 МАЙ:
Рӯзи модарони коргар.
***
Рӯзи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли аҳмар.
***
Рӯзи кормандони Хадамоти федералӣ оид ба ҳамкории ҳарбӣ – техникии Русия.
***
Дар Ҷумҳурии Корея –Рӯзи модар.
РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:
8 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд.
***
8 майи соли 2017 дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии паҳншавӣ ва ҳифзи саломатии ҷомеа, махсусан чавонон зиёда аз 300 килограмм маводи мухаддир сӯзонида шуд.
***
8 майи соли 2018 дар Душанбе масоили муҳими рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Корея муҳокима гардид.
***
8 майи соли 2023 дар Душанбе ҷаласаи якуми Шурои кории Тоҷикистон ва Туркманистон, форуми тиҷоратӣ ва намоишгоҳ баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:
8 майи соли 1947 Фаронса аз ҳайати Фонди байналмилалии асъор баромад.
***
Соли 1954 Конфедератсияи футболи Осиё таъсис дода шуд.
***
8 майи соли 1960 байни Иттиҳоди Шуравӣ ва Куба муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 май, панҷшанбе, 127-умин рӯзи соли 2026 аст






