ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 май, шанбе, 129-умин рӯзи соли 2026 аст
9 майи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси амалкунандаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва иштирок намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд.
***
9 майи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ, ки дар Боғи Ғалаба баргузор гардид, иштирок намуда, ба поси хотири афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар ин ҷанг нисор кардаанд, дар назди «Оташи ҷовидон» гулчанбар гузоштанд. Баъд аз анҷоми маросими гулгузорӣ гузашти низомии ротаи қаровули фахрии гарнизони Душанбе баргузор шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии Ғалаба иштирок намуданд.
***
9 майи соли 2024 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 79-солагии Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.
9 МАЙ:
Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон.
***
Рӯзи ҷаҳонии савдои одилона.
РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:
9 майи соли 1975 дар шаҳри Душанбе Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ғалаба» ифтитоҳ гардид.
***
9 майи соли 2009 намояндагони созмонҳои ҷавонони Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Русия дар Конфронси таъсисдиҳандаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.
***
9 майи соли 2011 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар шаҳри Кавасакии Ҷопон дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук гурзандози тоҷик, президенти Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров мақоми сеюмро касб намуд.
***
9 майи соли 2012 дар шаҳри Душанбе байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати HOS International Trading (PTY) Ltd (Малайзия) Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расид.
***
9 майи соли 2013 Федератсияи байналмилалии футбол раддабандии нави дастаҳои мунтахаби футболи ҷаҳонро нашр намуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон мақоми 112-умро ишғол кард.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:
Соли 1917 Ҳукумати муваққатии Русия дар бораи пурра барҳам додани сензураи матбуот хабар дод.
***
Соли 1956 Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба ҳайати Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ — НАТО) дохил шуд.
***
Соли 1754 аввалин расми ҳаҷвии (карикатура) амрикоӣ нашр шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Муҳаммадҷон Қосимов–соли 1907–ҳунарпешаи театру синамои тоҷик. Яке аз саромадони театри касбии тоҷик. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
***
Раънои Мубориз–соли 1965–рӯзноманигор, шоир, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Конфедератсияи байналхалқии Иттиҳодияҳои журналистони ИДМ (1992), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1993).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 май, ҷумъа, 128-умин рӯзи соли 2026 аст






