Ҳабибулло Назарзода дар ҷаласаи директорони генералии авиатсияи граждании минтақаҳои ИКАО иштирок намуд

Июнь 10, 2026 15:37

ДУШАНБЕ, 10.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳими соҳаи авиатсия, аз ҷумла таҳкими бехатари авиатсионӣ дар ҷаласаи директорони генералии авиатсияи граждании минтақаҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ /ИКАО/ (DGCA-2026), ки 9–10 июни соли равон дар шаҳри Кастелланетаи Италия баргузор гардид, баррасӣ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиши байналмилалӣ Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода, Котиби генералии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) Хуан Карлос Саласар, Директори Дафтари минтақавии Аврупо ва Атлантикаи Шимолии ИКАО Николас Ралло, инчунин роҳбарон ва намояндагони мақомоти авиатсияи граждании давлатҳои аъзои ИКАО иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими соҳаи авиатсия, аз ҷумла татбиқи стандартҳо ва тавсияҳои байналмилалии ИКАО, рушди ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, инчунин густариши хатсайрҳои ҳавоӣ ва рушди устувори соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ гардиданд.

Дар ҳошияи чорабинӣ як қатор вохӯриҳои корӣ ва мулоқотҳои дуҷониба бо роҳбарон ва намояндагони мақомоти авиатсионии давлатҳои хориҷӣ баргузор гардиданд. Зимни музокирот масъалаҳои тавсеаи ҳамкории соҳавӣ, рушди робитаҳои мустақими ҳавоӣ, зиёд намудани шумораи парвозҳо, кушодани хатсайрҳои нави байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ муҳокима гардиданд.

Баргузории чунин мулоқоту машваратҳо барои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, густариши ҳамкории мутақобилан судманд, ҷалби шарикони нави рушд ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои пешрафти устувори соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.

Бояд тазаккур дод, ки дар моҳҳои январ–феврали соли равон Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) санҷиши марбут ба бехатарии парвозҳоро дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, дар идомаи ҳамкорӣ бо ин ташкилот, баргузории санҷиши навбатӣ дар самти бехатарии авиатсионӣ дар моҳи ноябри соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Интизор меравад, ки натиҷаҳои вохӯриҳо ва музокирот дар Кастелланетаи Италия ба дурнамои рушди ҳамкории байналмилалӣ, васеъ гардидани ҷуғрофияи парвозҳо, беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасонии авиатсионӣ, афзоиши имкониятҳои иқтисодиву сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҷаҳонии авиатсияи гражданӣ мусоидат намоянд.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 10, 2026 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст