Ҷаласаи даҳуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16-17 июн дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи даҳуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок намуд.
Қисми асосии чорабинӣ дар шаҳри Минск баргузор шуда, таҳти унвони «Тақвияти эътимоди мутақобила тавассути маориф, густариши фазои ҳамкорӣ ва дониш, ташаккули ояндаи муштараки рушди Созмони ҳамкории Шанхай» масъалаҳои муҳими рушди низомҳои миллии маориф ва самтҳои афзалиятноки ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2027-2029 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар кори ҷаласа беш аз 30 намояндаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла вазирони маориф, муовинони вазирон, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва намояндагони сохторҳои соҳавӣ иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои маориф ва илм ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфта, Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 ба лоиҳаи Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай ҳамроҳ гардида, имрӯз даҳ муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар он иштироки фаъол доранд.
Ба таъкиди вазир, тайи солҳои охир зиёда аз 1700 донишҷӯи тоҷик дар барномаҳои муштараки Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуда, беш аз 300 нафар олимони ҷавон ва муҳаққиқон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои аъзои Созмон таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ намудаанд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин аз амалисозии барномаҳои дипломи дугона бо донишгоҳҳои Русия ва Чин, татбиқи модели таҳсили муштараки «1+1+2» бо Донишгоҳи аграрии Шинҷон, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои робототехника, экология, энергетика ва амнияти киберӣ ёдовар шуда, афзоиши шумораи лоиҳаҳои илмии муштаракро нишонаи рушди ҳамкории академӣ арзёбӣ намуд.
Раҳим Саидзода аз ташаббуси таъсиси «Долони технологии сабз»-и Созмони ҳамкории Шанхай ҷонибдорӣ намуда, омодагии Тоҷикистонро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти технологияҳои камкарбон, иқтисоди сабз ва омодасозии кадрҳои баландихтисос изҳор кард.
Дар ин замина, ҷониби Беларус инчунин ташаббуси таъсиси консорсиуми илмӣ-таълимии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва корпоратсияҳои технологии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро пешниҳод намуд, ки ба таҳкими робитаи илм, маориф ва истеҳсолот мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон ҷониби Тоҷикистон ташаббуси таъсиси Маркази таҳқиқоти пешрафтаи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба рушди устувори минтақаҳои кӯҳиро дар шаҳри Душанбе пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва иқлимии Тоҷикистон, масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таъмини амнияти экологӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо намудаанд.
Инчунин бо иштироки роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзои Созмон конфронси Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар конфронс Вазири маориф ва илми Тоҷикистон изҳор дошт, ки Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай на танҳо шабакаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, балки экосистемаи зеҳнӣ барои омодасозии насли нави мутахассисон ва муҳаққиқон мебошад.
Раҳим Саидзода пешниҳод кард, ки дар доираи Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай панҷ платформаи байнидавлатии таҳқиқотӣ аз рӯйи самтҳои афзалиятнок — зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ, энергетика ва технологияҳои сабз, тиб ва биотехнология, амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ таъсис дода шавад.
Гуфта шуд, ки таъсиси Платформаи ягонаи рақамии академии Созмони ҳамкории Шанхай, ки машғулиятҳои онлайнӣ, китобхонаҳои электронӣ, озмоишгоҳҳои маҷозӣ ва пойгоҳҳои муштараки илмиро муттаҳид менамояд, метавонад ба густариши дастрасӣ ба таҳсилоти босифат ва таҳкими ҳаракатнокии академӣ мусоидат намояд.
Вазири маориф ва илм таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ҷалб намуда, аз таҷрибаи Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалии вобаста ба масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Душанбе масъалаи воридсозии зеҳни сунъӣ ба таҳсилоти умумӣ баррасӣ шуд
ХОНАНДАИ СОЛ. Мадина Саидализода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд
Дар ноҳияи Муъминобод фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар мегардад
Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин оғоз намуд
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва IREX Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ММТ: «Дар 22 шаҳру ноҳия барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварат доир мешавад»
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф дар нашрияи байналмилалии «Asia Education Review» муаррифӣ гардид
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд






