Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 12.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Қарори дахлдор имрӯз зимни ҷаласаи намояндагони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, истеҳсолкунандагони маҳсулоти армуғонӣ ва дигар намояндагони бахши сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, қабул карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Аз рӯйи натиҷаи ҷаласа, 11 ширкат ҳамчун муассисони Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон қарор оид ба шомил намудани дигар иштирокчиёни бозори сайёҳии мамлакат ба ҳайати ин ассотсиатсия қабул карда шуд.
Дар ҷараёни овоздиҳии ошкоро иштирокчиёни ҷаласа Умед Саидовро роҳбари Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон интихоб намуданд.
Зимни суханронӣ Умед Саидов таъсиси Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистонро қадами муҳим дар самти муттаҳидсозии имконоти соҳа ва ташкили минбари ягона барои рушди сайёҳӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ассотсиатсия фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
Таъкид гардид, ки фаъолияти ассотсиатсия ба рушди ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, ҳифзи манфиатҳои соҳибкорони соҳа, баланд бардоштани сифати хизматрасонии сайёҳӣ ва муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона мешавад.
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон ҳамчун сохтори муттаҳидкунандаи иштирокчиёни бозори сайёҳии мамлакат фаъолият намуда, барои рушди устувори соҳа ва таҳкими рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
АКС: Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






