Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир ба фаъолияти соҳаи метрология конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ ба фаъолияти метрология дар Тоҷикистон бахшида шуд. Дар кори он намояндагони ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла аъзои Созмони ҳамкории муассисаҳои Авру-Осиёгии муассисаҳои давлатии метрологӣ (СООМЕТ), ки 17 давлати ҷаҳонро муттаҳид мекунад, инчунин роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷуммҳурӣ, олимони шинохта, коршиносон ва мутахассисони соҳаи метрология иштирок доштанд.
Иштирокчиёни ҳамоиш масъалаҳои муҳими таъмини ягонагии ченкунӣ, нақши метрология дар рушди иқтисодиёти миллӣ, тиҷорати байналмилалӣ ва соҳаҳои илму технологияро мавриди баррасӣ карор доданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба интегратсияи системаи метрологии Тоҷикистон ба сохторҳои ҷаҳонӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои муосир равона карда шуд.
Муовини якуми директори Агентии «Тоҷикстандарт» Раҳмоншо Мирзоён доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши метрология дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва ҳифзи бозори истеъмолии мамлакат сухан гуфт.
«Дар давоми ин солҳо таҳти роҳбарии оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии мо роҳи азими давлатдориро тай намуд. Дар ҳар як марҳилаи ин масир, низоми миллии метрология ҳамчун таҳкурсии ноаён, вале устувор барои тамоми дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмию техникии ҷумҳурӣ хизмат намуд»,-афзуд Раҳмоншо Мирзоён.
Дар конференсия иброз гардид, ки аз нуқтаи назари сиёсӣ, мавҷудияти низоми мутараққӣ, мустақил ва дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшудаи танзими техникӣ ва метрология яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии давлат мебошад.
Таъкид шуд, ки метрология дар рушди иқтисоду тиҷорат ва саноат нақши муҳим дорад, зеро ҳар маҳсулоте, ки истеҳсол мешавад, бояд ба талаботу воситаҳои ченак мувофиқ ва ба талаботи регламентҳои техникӣ ва дигар стандартҳо ҷовобгӯ бошад. Вазифаи асосии метрология аз он иборат аст, ки соҳаҳои гуногуни ҷамъият, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ ва мақомоти давлатиро бо маълумоти дақиқ, ки барои некуаҳволии аҳли ҷомеа зарур аст, таъмин менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт» дар самтҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо тақвият ёфта, Тоҷикистон имрӯз аъзои як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла ISO, OIML, EASC ва COOMET мебошад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки солҳои охир заминаи моддию техникии соҳаи метрология дар ҷумҳурӣ таҳким ёфта, озмоишгоҳҳои дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои минтақавӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин гардидаанд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки талаботи бахшҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар самти назорати сифати маҳсулот ва таъмини ягонагии ченакҳо қонеъ гардонида шавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд






