Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии бехатарии озуқаворӣ ва Рӯзи кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ ҳамоиш баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истиноб ба ин кумита.
Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода иброз намуд, ки Рӯзи кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ интихоб шудани санаи 7 июн басо рамзӣ мебошад, зеро ин рӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии бехатарии озуқаворӣ, ки дар асоси Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид соли 2018 аз тарафи Ассамблеяи Генералии ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ қабул шудааст, ҷашн гирифта мешавад.
Ҳадаф аз эълони ин сана баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба мушкилоти ҷойдошта дар самти таъмини озуқаворӣ ва бехатарии он дар ҷомеаи имрӯза ба шумор рафта, инсониятро водор месозад, ки барои аз байн бурдани гуруснагӣ, камғизоӣ ва камбизоатии инсонҳо дастаҷамъона кӯшиш намоянд.
Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон ба масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, дар ин замина як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, барои баланд бардоштани сифати маҳсулоти озуқаворӣ ва ҳифзи бозори истеъмолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
«Мо бояд дар фаъолияти минбаъдаи худ истифодаи технологияҳои муосир, такмили донишҳои касбӣ, баланд бардоштани масъулиятшиносӣ ва ҳамкории зичро бо ҳамаи сохторҳои дахлдор соҳибкорон ва аҳолӣ тақвият бахшем. Танҳо дар ин сурат метавонем ба ҳадафҳои гузошташуда ноил гардида, дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ саҳми бештар гузорем»,- гуфт Муҳаммадсаид Файзуллозода .
Инчунин дар ин рӯз бо мақсади тарғибу ташвиқи Рӯзи ҷаҳонии бехатарии озуқаворӣ дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бо соҳибкорону харидорон оид ба риояи қоидаҳои бехатарии озуқаворӣ, интихоби дурусти маҳсулоти хӯрокворӣ ва пешгирии хатари истеъмоли маҳсулоти бесифат корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуда, варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли равон бо ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 7 июн ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ қабул гардид.
АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






