Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Белая Рус» Меморандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид

Июнь 10, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 10.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Белая Рус»-и Ҷумҳурии Беларус Меморандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Меморандум оид ба ҳамкорӣ имрӯз зимни вохӯрии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва Раиси Ҳизби «Белая Русь» Олга Чемоданова бо мақсади рушди ҳамкории минбаъда ба имзо расонида шуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории байниҳизбӣ, табодули таҷриба байни сохторҳои ҷамъиятӣ, нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар татбиқи сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ва густариши муносибатҳои дӯстона байни ду давлатрро баррасӣ намуданд.

Изҳор гардид, ки рушди ҳамкории байниҳизбӣ метавонад ба таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд, тақвияти ҳамдигарфаҳмӣ ва мубодилаи таҷрибаи пешқадам мусоидат намояд.

АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Июнь 10, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд