Беш аз 17 километр роҳи мошингарди Хуҷанд – Истиқлол мумфарш карда мешавад

Июнь 28, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 25.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  корҳои мумфаршкунии роҳи мошингарди Хуҷанд – Истиқлол оғоз шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар доираи лоиҳа 17,5 километр роҳ мумфарш карда шуда, барои иҷрои корҳо 10 техникаи махсус сафарбар шудааст.

Таъкид гардид, ки роҳ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа аҳамияти муҳим дошта, тавассути он маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ интиқол дода мешавад. Ҳамзамон сокинони шаҳри Истиқлол, қисми аҳолии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Гулистон аз ин роҳ истифода мебаранд.

Бояд гуфт, ки дар вилояти Суғд ба беҳтар намудани ҳолати роҳҳои мошингард таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, бо дастгирии мақомоти давлатӣ, саҳми соҳибкорон, корхонаҳои саноатӣ ва ташаббуси сокинон даҳҳо километр роҳ таъмиру таҷдид ва пурра мумфарш шудааст.

Мумфарш гардидани роҳи мошиггарди Хуҷанд – Истиқлол идомаи тадбирҳои созанда дар роҳи ободии мамлакат буда, бозгӯи татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани шароити зиндагии мардум мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Июнь 28, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд