Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
КӮЛОБ, 12.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода оид ба истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ, пешгирии насб ва истифодаи таҷҳизоти истеҳсоли криптоасъор, паст кардани талафоти неруи барқ, инчунин ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқи истифодашуда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа гузориши муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Азимзода ва директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Холмуҳаммадзода оид ба рафти иҷрои супоришҳои қаблан дар ҷаласаи комиссияи корӣ вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дар фаъолияти филиали «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб шунида шуд.
Инчунин директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб Маноҷ Салвӣ оид ба фаъолияти филиал дар панҷ моҳи соли равон, вобаста ба бартараф намудани камбудиҳо ва иҷрои супоришҳои дар ҷаласаи қаблӣ додашуда ҳисобот пешниҳод намуд. Ҳамчунин вазъи вақеии зеристгоҳҳои барқӣ, омилҳои асосии афзоиши талафоти неруи барқ, нишондодҳои тиҷоратӣ, қарздорӣ, ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда аз меъёри муқараргардида зиёд таҳлил гардид.
Иброз шуд, ки дар панҷ моҳи соли равон талафоти неруи барқ дар филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» 19,83 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 10,71 фоиз кам мебошад. Новобаста аз ин, талафоти неруи барқ бештар дар шабакаҳои барқи ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Ховалинг, Темурмалик, Восеъ, Данғара ва Балҷувон ба назар мерасад, ки зиёда аз меъёр мебошад.
Гуфта шуд, ки бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру» дар шаҳри Кӯлоб аз соли 2024 оғоз гардида, то ба имрӯз дар доираи он 50 ҳазору 551 адад ҳисобкунак бо таҷҳизоти ба онҳо алоқаманд насбу васл ва ба системаи биллингӣ ворид карда шудаанд.
Таҳлили татбиқи лоиҳа нишон дод, ки талафоти неруи барқ дар 5 моҳи соли 2026 — 9,35 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 -23,67 фоиз ва дар моҳи майи соли равон 7,45 фоиз мебошад, ки нисбат ба моҳи майи соли 2025 11,05 фоиз кам гардидааст. Дар 5 моҳи соли равон маблағи ҷамъоварии неруи барқ 56,4 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 23,4 миллион сомонӣ ё 71 фоиз зиёд мебошад.
Таъкид гардид, ки нисбат ба роҳбарони шабакаҳои барқ ва муовинони онҳо, нозир ва назоратчиёне, ки дар ҳолати аз уҳдаи вазифа набаромадан чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
АКС: АМИТ Ховар








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисориро ошкор намуд
Аз Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 4298 тонна ангур содирот шудааст
Дар назди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Маркази ҳифзи маълумот таъсис дода шуд
Дар Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувори СММ мавқеи Тоҷикистон оид ба рушди устувор муаррифӣ шуд
Дар Душанбе Машварати чоруми вазирони саноати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад
Дар шаҳри Сиани Чин ҳамоиши соҳибкорони вилояти Суғд ва музофоти Шэнсӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
Аз Тоҷикистон ба маблағи беш аз 40 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст
Дар ноҳияи Шуғнон беш аз 720 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе Озмоишгоҳи нави ҷумҳуриявии санҷиши сифати маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода мешавад
Ҳамкории вилояти Суғд бо ширкатҳои чинӣ густариш меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Молу маҳсулоти Тоҷикистон дар 17 намоишгоҳи дохилию байналмилалӣ муаррифӣ гардид






