Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ вохурӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва ҳайати намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) таҳти роҳбарии хонум Стейскал Сандра Мари масъалаҳои ҳамкории илмӣ ва техникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд.
Ҳамсуҳбатон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти омӯзиш ва пешбурди таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи об ва пиряхҳо мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкорӣ дар бахши истифодаи технологияҳои ҳастаӣ барои ҳалли мушкилоти муҳити зист, идоракунии захираҳои обӣ ва омӯзиши тағйирёбии иқлим муҳокима гардиданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи муҷаҳҳазгардонии марказҳои саратоншиносии ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти муосири ташхису табобат равона шуда, тарафҳо имкониятҳои ҷалби дастгирии техникии Агентии байналмилалии неруи атомиро дар ин самт муҳим арзёбӣ карданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки рушди минбаъдаи ҳамкории илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои таҳкими иқтидори илмӣ-таҳқиқотии ҷумҳурӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар навбати худ, ҳайати намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд бо муассисаҳои илмӣ ва таҳқиқотии Тоҷикистон, аз ҷумла Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии академия таъкид намуда, аз дастовардҳои олимони тоҷик дар самти омӯзиши захираҳои обӣ ва пиряхҳо баланд арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкории минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак изҳор карданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
КОНСТИТУТСИЯ–САНАДИ КАФОЛАТДИҲАНДАИ ҲУҚУҚИ ЗАНОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Устувонаи Куруши Бузург ва Конститутсияи Тоҷикистон ду сутуни як бинои бошукӯҳи давлатдории миллӣ мебошанд
КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН КАФИЛИ РУШДИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин маврид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ






