Дар Бизнес-форуми Бонки Авруосиёии рушд афзалиятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд

Июнь 27, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25-26 июн дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон бахшида ба 20–солагии таъсиси  Бонки  Авруосиёгии рушд ҷаласаи солона ва Бизнес-форум доир шуд, ки дар он афзалиятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, дар кори Бизнес-форум  аз Тоҷикистон муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Фарҳод Восидиён иштирок намуд.

Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии форум иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ҳамчун пули энергетикӣ, нақлиётӣ ва рақамӣ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ арзёбӣ менамояд. Инчунин ба рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, инфрасохтори энергетикӣ, гузариши рақамӣ ва густариши ҳамгироии иқтисодии минтақа аҳамияти махсус медиҳад.

«Дар ин замина аҳамияти стратегии сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори 3780 мегаватт дар таҳкими амнияти энергетикии минтақа, рушди иқтисоди «сабз» ва афзоиши содироти неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза аҳамияти махсус дорад»,–афзуд Фарҳод Восидиён.

Ҳамчунин аз ташаббуси таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун қадами муҳим дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои технологӣ дар минтақа ёдоварӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар солҳои наздик афзалиятҳои асосии сармоягузорӣ бояд ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, энергетика, рақамикунонӣ, рушди технология ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии инноватсионӣ ва тавсеаи энергетикаи «сабз» равона карда шаванд.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд бо Бонки Авруосиёгии рушд дар доираи «Стратегияи нави Бонк барои солҳои 2027–2031» иброз намуда, гуфт, ки рушди устувори иқтисодии Авруосиё бояд бар пояи навоварӣ, технологияҳои муосир ва рушди сармояи инсонӣ бунёд гардад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 27, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид