Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мегардад

Июнь 13, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 13.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ ва  намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, барномаҳои фарҳангиву фароғатии ноҳия доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 16:00 то 19:00 муқаррар шудааст. Дар доираи он намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони ноҳия ба сокинону меҳмонони пойтахт бо нархи дастрас пешниҳод мешавад.

Дар назар аст, ки имрӯз рӯзҳои фарҳангии шаҳри Турсунзода дар «Боғи Ирам», рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Қубодиён дар Боғи фарҳангиву фароғатии «Кӯли ҷавонон» доир гардад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз 6 июн то 23 августи соли равон  ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июнь 13, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад