Дар Бонн иҷлосияи 64-уми мақомоти ёрирасони Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 09.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 июн дар шаҳри Бонни Олмон иҷлосияи 64-уми мақомоти ёрирасони Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (SB64) оғоз гардид, ки он то 18 июн идома меёбад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар маросими ифтитоҳи иҷлосия директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода иштирок намуд. Иҷлосияи 64-уми мақомоти ёрирасони Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим марҳилаи муҳими омодагӣ ба Иҷлосияи 31-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) мебошад, ки моҳи ноябри соли 2026 дар шаҳри Анталияи Туркия доир мегардад.
Дар маросими ифтитоҳи иҷлосия иштирокдорон зарурати суръат бахшидан ба татбиқи ҳадафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва Созишномаи Парижро дар шароити афзоиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва идома доштани норасоии маблағгузории иқлимӣ таъкид намуданд.
Мавзуъҳои асосии музокирот масъалаҳои коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, маблағгузории тадбирҳои иқлимӣ, рушди технологияҳо, таҳкими иқтидор ва гузариши одилона ба низоми устувори энергетикиро дар бар гирифтанд.
Иҷлосияи 64-уми мақомоти ёрирасони Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (SB64) ҳамчун муҳимтарин майдони техникии музокирот арзёбӣ мегардад, ки дар доираи он давлатҳо бояд рушди музокиротро оид ба Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда (NDC 3.0), тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва механизмҳои маблағгузории иқлимӣ таъмин намоянд.
Натиҷаҳои ин музокирот барои қабули қарорҳои сиёсӣ дар доираи Иҷлосияи 31-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) аҳамияти калидӣ хоҳанд дошт.
Ҳамин тариқ, ифтитоҳи Иҷлосияи 64-уми мақомоти ёрирасони Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим оғози марҳилаи муҳими музокироти байналмилалии иқлимиро ифода намуда, заминаи таҳияи уҳдадориҳои боз ҳам ҷиддитар ва натиҷаҳои амалии ҷомеаи ҷаҳониро дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим дар доираи иҷлосияи 31-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) фароҳам месозад.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






