Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд

Июнь 14, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 14.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Себистони Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара  майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара.

Дар майдончаи варзишӣ ҷавонон ва наврасон нахустин мусобиқаҳои дӯстона ва машқҳои варзишии худро баргузор намуданд.

Иншооти варзишӣ бо ташаббус ва саҳми сокинони деҳа бунёд гардида, ҳамчун туҳфаи арзанда ба истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба ҷавонону наврасони маҳал тақдим шуд. Майдонча барои рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои ҷисмонӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Зимни ифтитоҳи майдончаи варзишӣ иброз гардид, ки сокинони деҳаи Себистон  аз сиёсати бунёдкоронаи давлат илҳом гирифта, дар корҳои ободониву созандагӣ фаъолона саҳм мегузоранд. Бунёди майдончаи варзишӣ намунаи равшани ҳамбастагӣ, ватандӯстӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи давлат аз ҷониби аҳолӣ мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Июнь 14, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд