Дар доираи корҳои ободонӣ мумфаршкунии роҳҳои маркази шаҳри Турсунзода идома дорад

Июнь 17, 2026 13:41

ТУРСУНЗОДА, 17.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорони ватандӯст корҳои мумфаршкунии роҳи кӯчаи Бобоҷон Ғафуров дар масофаи 1,6 километр ва қитъаи роҳ аз масири даврашакли байни маҳаллаҳои 1 ва 3 то кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзодаи маркази шаҳр идома дорад. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Мумфаршкунии роҳҳои кӯчаҳои маркази шаҳр на танҳо ба беҳтар гардидани инфрасохтори шаҳр мусоидат менамояд, балки барои таъмини ҳаракати бехатару бароҳати воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандон низ аҳамияти калон дорад.

Имрӯзҳо дар шаҳри Турсунзода ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ ва мумфаршкунии роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта бо маром идома доранд.

Дар тамоми маҳалла ва деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сокинон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои ободу зебо намудани маҳали зисти худ саҳми назаррас мегузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Июнь 17, 2026 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд