Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба муносибати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон гузашти идона доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ба муносибати қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» гузашти идонаи омӯзгорон, донишҷӯён, мураббиён, варзишгарон ва наврасон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкада хабар доданд.
Иброз гардид, ки қатъномаи мазкур бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, боз як дастоварди муҳими дипломатияи Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Дар чорабинӣ роҳбарият, ҳайати омӯзгорон, донишҷӯён, мураббиён ва варзишгарони Донишкада иштирок намуда, аз ташаббуси нави байналмилалии Тоҷикистон, ки мавқеи мамлакатро ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди рӯзномаи сулҳ дар арсаи байналмилалӣ таҳким мебахшад, истиқбол намуданд.
Иштирокчиён бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиору овезаҳои тараннумкунандаи сулҳу ваҳдат аз сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат ҷонибдорӣ намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар тарғиби фарҳанги сулҳ, ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ таъкид карданд.
Изҳор гардид, ки баргузор намудани чунин ҳамоишҳо барои баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими арзишҳои сулҳу ваҳдат ва ҷалби ҷавонон ба пуштибонии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дорад.
Гузашти идона дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, аз пуштибонии омӯзгорону ҷавонон ва ҷомеаи варзишии кишвар аз ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ дарак дод.
АКС: Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов













Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд






