Дар Душанбе ҷаласа оид ба таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои СММ доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи дуюми ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи Харитаи роҳ барои таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон барои солҳои 2024–2027 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷаласа дар доираи ҳамкории Агентии обуҳавошиносӣ бо Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳо (UNDRR) дар ҳошияи ташаббуси ҷаҳонии «Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама» (Early Warnings for All) доир гардида, дар он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва муассисаҳои соҳавӣ иштирок намуданд.
Иштирокдорони ҷаласа иҷрои чорабиниҳои чор ҷузъи Харитаи роҳ, аз ҷумла рушди мониторинги обуҳавошиносӣ, такмили низомҳои пешгӯӣ ва огоҳсозӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва ҳамкории байниидоравиро баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи чорабиниҳои ҷузъи 2-такмили низомҳои пешгӯӣ ва огоҳсозӣ дода шуд, ки масъули он Агентии обуҳавошиносӣ дониста шуда, натиҷаҳои гузориши таҳлилиро оид ба ҳолати иҷрои чорабиниҳо барои давраи солҳои 2024–2026 пешниҳод намуд.
Тибқи гузориш дар ҷумҳурӣ корҳои густариши шабакаи мушоҳидаҳо, рушди низомҳои муосири мониторинг ва такмили технологияҳои пешгӯии зуҳуроти хатарноки обуҳавошиносӣ идома доранд. Дар рӯйхати натиҷаҳои бадастомада, ҷорӣ шудани низоми «SMARTMET Alert», фаъолияти низомҳои огоҳсозии бармаҳали «CAFEWS» ва «CARFFGS», барқарорсозии дидбонгоҳҳои обсанҷӣ, инчунин густариши ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла СУО, Бонки Осиёии рушд ва «ECMWF» таъкид гардиданд.
Дар баробари ин, иштирокдорони ҷаласа зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангии байниидоравӣ, рақамисозии маълумоти обуҳавошиносӣ, ҷорӣ намудани низоми бисёрхатари огоҳсозии бармаҳал (MHEWS), рушди пешгӯии ба таъсир асосёфта (IBF) ва ҷалби дастгирии иловагии техникӣ ва молиявиро иброз намуданд.
Ҷаласа аҳамияти таҳкими минбаъдаи низоми миллии огоҳсозии бармаҳалро ҳамчун яке аз воситаҳои калидии таъмини рушди устувор, ҳифзи аҳолӣ ва баланд бардоштани устувории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатарҳои иқлимӣ ва табиӣ тасдиқ намуд.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






