Дар Душанбе ҷаласаи 53-юми Шурои вазирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 11.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 53-юми Шурои вазирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони мақомоти нақлиёти давлатҳои аъзои созмон, намояндагони маъмуриятҳои роҳи оҳан, созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои коршиносон иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ дар ифтитоҳи кори ҷаласа баргузории ҷаласаи 53-юми Шурои вазирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳанро дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди долонҳои нақлиётии Авруосиё, баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаи нақлиёт ва таъмини рушди устувори ҳамлу нақли роҳи оҳанмуҳим арзёбӣ намуд.
Ҷаласаи имсола ба 70-солагии таъсиси Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан бахшида шуда, дар доираи он масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардиданд.
Зимни ҷаласа таъкид шуд, ки Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан дар давоми солҳои фаъолият дар таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратии давлатҳои Аврупо ва Осиё, рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва тавсеаи долонҳои нақлиётӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Иштирокчиёни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти созмонро дар соли 2025 мавриди таҳлил қарор дода, масъалаҳои сиёсати нақлиётӣ, рушди инфрасохтори роҳи оҳан, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро муҳокима намуданд.
Ҳамчунин масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омодасозии мутахассисони соҳа, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, рақамикунонии хизматрасонӣ ва густариши ҳамкории бисёрҷониба дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва таҳкими робитаҳои транзитии минтақавию байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои татбиқи ташаббусҳои вобаста ба ҳамгироии нақлиётӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
АКС: АМИТ «Ховар»











Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






