Дар Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 16.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 15 июн дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ таҳти рақами 51 ба фаъолитят оғоз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» хабар медиҳад.
Хатсайри нави автобуси барқӣ аз Дидбонгоҳ (Терминал)-и шарқӣ ба Дидбонгоҳи ғарбӣ ва баръакс ҳаракат мекунад.
Ҳаракати автобусҳои барқӣ дар ин хатсайр тавассути шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор ва кӯчаву хиёбонҳои Карамов, Сино, И.Сомонӣ, Ф.Ниёзӣ, Рӯдакӣ, Шоҳтемур, М.Турсунзода, Лоҳутӣ ва С.Айнӣ ба роҳ монда шудааст.
Пардохти ҳаққи роҳкиро ғайринақдӣ буда, тариқи корти нақлиётӣ ва дигар пардохтҳои электронӣ ба роҳ монда шудааст.
АКС: Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»








Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад






