Дар Душанбе конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 12.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни «Амонатбонк»-и Тоҷикистон ва «Элдик Бонк»-и Қирғизистон Ёддошти тафоҳум ва Харитаи роҳ оид ба ҳисоббаробаркуниҳои пардохтӣ, инфрасохтори амонатгузорӣ, рақамикунонӣ, амнияти иттилоот, пардохтҳои фаромарзӣ ва принсипҳои маблағгузории исломӣ ба имзо расонида шуд. Ин санад дар доираи баргузории конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай, ки 10 июн дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Зеҳни сунъӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо, пешгирии хавфҳо ва иқтисоди сабз (ESG)» баргузор гардид, ба имзо расид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки дар конфронс намояндагони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла котиботи Созмони ҳамкории Шанхай, «Беларусбанк», Корпоратсияи инфрасохтори молиявии Ҳиндустон, «Бонки рушди Қазоқистон», Бонки давлатии рушди Чин, «Элдик Бонк»-и Қирғизистон, Корпоратсияи рушди давлатии «ВЭБ.РФ» -Русия, «Ҳабиб Бонк»-и Покистон ва «Бонки миллии фаъолияти иқитисоди хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон» оид ба дастовардҳои худ дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти бонкӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо, пешгирии хавфҳо ва иқтисоди сабз (ESG) бо рӯнамо баромад намуданд.
Ҳамзамон дар конфронс намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои ватанӣ доир ба дастовардҳояшон дар самтҳои рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, идоракунии хавфҳо ва ҳадафҳои минбаъда сухан намуда, бо рӯнамо баромад намуданд. Мавзуъҳо барои таъмини рушди устувори низоми бонкӣ ва таҳкими иқтисоди рақамии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай аҳамияти стратегӣ ва муҳим доранд.
Ҳадафи баргузор намудани чунин як чорабинии сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби «Амонатбонк» рушди табодули таҷриба байни бонкҳои Тоҷикистон ва институтҳои молиявии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, муҳайё намудани имкониятҳо барои дарёфти шарикони рушд барои татбиқи ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки 25 июли соли 2025 бо қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, арзёбӣ мегардад.
Баргузории конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳолест, ки моҳи октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»








Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд






