Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид

Июнь 13, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 13.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  шурӯъ аз соли 2005, ҳамасола 14 июн Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун таҷлил карда мешавад. Ин рӯз ба муносибати зодрӯзи ҷарроҳи австриягӣ Карл Ландштейнер, ки аввалин маротиба гурӯҳи хунро муайян намудааст, бахшида шудааст. Мақсад аз таҷлили  сана ҷалби таваҷҷуҳи сокинон ба муҳимияти супоридани хун, тозагии он ва ҳамчунин ибрози сипос ба донорон мебошад.

Дар ин рӯз барои хунсупории шаҳрвандон шароиту имкониятҳои лозима фароҳам оварда шудааст.Аз субҳи барвақт шаҳрвандони зиёде ба Маркази ҷумҳуриявии илмии хун ташриф оварда, бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани вазъи солимии хеш ва саҳм гузоштан дар таъмини солимии беморону эҳтиёҷмандон хун месупориданд.

Мутахассисони соҳа иброз медоранд, ки ҳар шахсе хун месупорад, дар организми ӯ бунёди ҳуҷайраҳои нави хун ба вуҷуд меояд, ки он ба саломатии инсон фоиданок аст. Ҳамчунин хунсупорӣ бемориҳои сироятӣ, ишемикии дил, инсулт, ғафс шудани хун ва дигар бемориҳоро пешгирӣ менамояд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Июнь 13, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид