Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд

Июнь 10, 2026 09:56

ДУШАНБЕ, 10.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. 6-9 июни соли равон дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» баргузор гардид. Дар озмун омӯзгори фанни математикаи Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур Шариф Шарифзода сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Омӯзгори фанни физикаи Мактаби байналмилалии Президентӣ аз ноҳияи Сино Наврӯз Қурбонзода сазовори ҷойи дуюм гардида, ҷойи сеюм насиби омӯзгори фанни забону адабиёти руси Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ Сайёҳат Исмоилова гардид.

Тибқи тартиби озмун, 6-9 июни соли 2026 довталабон бо пешниҳоди дарсҳои намунавӣ аз рӯйи ихтисос, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ), маҷлиси падару модарон, соати тарбиявӣ, кор бо компютер ва донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ҳузури ҳакамон байни ҳам фаъолона рақобат намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ғолиби даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол-2026» дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардида, барои иштирок дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» роҳхат гирифтанд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Июнь 10, 2026 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд