Дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои мамлакат байни муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ва шаҳрвандони сафаркунанда корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин хадамот хабар доданд, дар рафти вохӯриҳо бо шаҳрвандоне, ки аз Федератсияи Русия баргаштаанд, масъалаҳои таъмини онҳо бо ҷойи кор дар ширкатҳои ватанӣ, ҷалби онҳо ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд.
Ҳамчунин ба шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба Русия доранд, тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар вазъи худ, аз ҷумла мавҷудияти маҳдудият ё манъи вурудро тавассути сохторҳои дахлдори Хадамоти муҳоҷират санҷида, баъдан чиптаи сафар харанд. Зеро дар ҳолати мавҷуд будани маҳдудият гузаштан аз сарҳади давлатӣ имконнопазир мегардад.
Таъкид шуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ барои фаъолияти қонунӣ дар давлати қабулкунанда бояд патент, суғуртаи тиббӣ, санҷиши тиббӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурии дигарро дар муҳлатҳои муқарраргардида дарёфт намоянд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо инчунин оид ба тағйироту иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия, тартиби бақайдгирӣ, гирифтани патент, супоридани имтиҳонҳои забони русӣ, таърих ва қонунгузорӣ, инчунин талаботи нави будубош маълумоти муфассал дода шуд.
Таъкид шуд, ки нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Русия равонанд ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии (Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид)-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд. Зеро назорат дар сарҳадоти қаламрави Федератсияи Русия пурзӯр карда шудааст.
Гуфта шуд, ки дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории давлати иқомат шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Русия вазъи ҳуқуқии худро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор мегардад. Дар ин ҳолат шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.
Дар ин замина Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки дар назди хадамот телефони боварии фаврӣ (900-80-08-00) фаъол аст. Онҳо метавонанд барои гирифтани машварат ва маълумоти зарурӣ муроҷиат намоянд.
АКС: Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






