Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд

Июнь 26, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 июн дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши таърихии Пешвои миллат дар барқарорӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор рафта, маҳз бо иродаи қавӣ, хиради сиёсӣ ва талошҳои пайгиронаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ қадам гузоштанд.

Иброз гардид, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи тозаеро боз намуда, заминаҳои мусоиди рушду пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фароҳам овард. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвару ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиши ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад.

Дар ҳамоиш академик Кароматулло Олимов оид ба аҳамияти таърихӣ ва сиёсии Ваҳдати миллӣ маърӯза намуда, нақши Пешвои миллатро дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва рушди маънавии ҷомеа махсус таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои пешрафти илм, маориф, фарҳанг ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам овардааст.

Дар конференсия иштирокдорон дар маърузаҳояшон масъалаҳои вобаста ба таҳкими сулҳу субот, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, нақши муассисаҳои таълимӣ дар тарғиби арзишҳои миллӣ ва омӯзиши таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид шуд, ки имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, бахусус омӯзгорону ҷавонон, ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба сулҳу субот ва идомаи сиёсати созандаи Пешвои миллат мебошад. Зеро маҳз дар фазои сулҳу оромӣ имкониятҳои васеи рушд ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҷомеа таъмин мегарданд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд