Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 июн дар шаҳри Москва бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ байни донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари иқомат таҳсил мекунанд, Мусобиқаи байнидонишгоҳӣ оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Дар мусобиқа дастаҳои донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналхалқии Москваи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия, Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Русия, Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия, Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Русия, Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи В. Г. Плеханов, Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ «Мактаби олии иқтисод»-и Русия, Донишгоҳи давлатии техникии мошинсозӣ ва роҳи автомобилгарди Москва ва ғайра таҳсил менамоянд, иштирок намуданд.
Мусобиқа барои рушди руҳияи варзишӣ, тақвияти дӯстӣ ва муттаҳид намудани донишҷӯёни дигар халқҳои гуногун равона шуда, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, дӯстию рафоқат, ташаккули маҳорату малакаи варзишӣ ва оммавӣ гардонидани футбол доир карда шуд.
Иштирокчиён дар ҷараёни бозӣ маҳорати хуби варзишӣ, интизоми намунавӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нишон доданд.
Зимни ифтитоҳи мусобиқа иброз гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар асоси қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол расман таҷлил мегардад. Ин далели нақши фаъол доштани Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва саҳми он дар тақвияти арзишҳои умумибашарӣ, сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагию ҳамкорӣ тавассути варзиш мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки Рӯзи ҷаҳонии футбол имкон медиҳад ба ин варзиши дӯстдошта ва василаи рушди ҷисмонию маънавии ҷавонон таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон, хосса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳама намудҳои варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Натиҷаи чунин ғамхориҳо аст, ки солҳои охир варзишгарони ҷумҳурӣ пайваста дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, бо сазовор гардидани ҷойҳои ифтихорӣ нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.
Таъкид шуд, ки футбол на танҳо яке аз намудҳои маъруф ва густаришёфтаи варзиш дар байни халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон аст, балки яке аз василаҳои муҳими солимгардонӣ, рушди ҷисмониву равонӣ ва таҳкими руҳияи инсондӯстиву ҳамбастагӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷом ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли мусобиқа медал, Диплом, Ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






