Дар ноҳияи Муъминобод фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар мегардад
МУЪМИНОБОД, 14.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод чор муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дорад, ки дар он 320 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод иттилоъ доданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда истодааст. Зеро таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад.
Дар мамлакат барои рушди таҳсилоти томактабӣ «Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амал мекунад. То охири татбиқи барнома 800 муассисаи нави ин соҳа бунёд ёфта, фарогирии кӯдакони аз 3 то 6-сола ба таҳсилоти томактабӣ дар мамлакат бояд ба зиёда аз 50 фоиз расонида шавад.
Барнома бо мақсади идома бахшидан ба раванди босуръати сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакон, васеъ намудани дастрасии босифат ба ин зинаи таълиму тарбияи насли наврас ва такмили сатҳи тахассусии кадрҳои соҳа таҳия гардидааст.
Бояд гуфт, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Имрӯз талошҳо ба он равона шудаанд, ки кӯдакон дар шароити хуб таҳсил намуда, дар оянда дар пешрафти Ватан саҳми арзанда гузоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






