Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
ШАҲРИНАВ, 15.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Маркази рушди бокс мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёд гардида, он аз толори тамрин, кабинети корӣ, ҳуҷраҳои либоспӯшӣ, ҳаммом ва ҷойи машқ барои обутоби бадан иборат мебошад, ки барои омода намудани варзишгарони болаёқат ва фароҳам овардани шароити мусоиди машқу тамрин мусоидат мекунд.
Майдони варзишии футбол барои 2000 ҷойи нишаст бо тарҳи муосир сохта шуда, он аз ҳуҷраҳои либоспӯшӣ, ҳуҷраҳои шустушӯй ва ҳуҷраҳои вип, утоқҳои омӯзишӣ иборат мебошад.
Иншоот комплексӣ буда, аз майдончаи хурди варзишии болопӯшида барои футбол, майдончаи замонавӣ барои бозии кӯдакон иборат буда, гулгашти замонавӣ барои истироҳату фароғати варзишгарону сокинони маҳал ва ҳавзи зебову гуворои назди он иншоотро зеботар гардонидааст.
Иншоот ҳамчун як маркази муҳими варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳо, машғулиятҳои таълимӣ ва омодасозии футболбозони ҷавону наврас хизмат хоҳад намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд






