Дар Палатаи ҳисоб Консепсияи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи дин дар пешгирии экстремизм шарҳ дода шуд

Июнь 9, 2026 10:47

ДУШАНБЕ, 09.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 июн дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба шарҳи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин дар муносибат ба нақши иттиҳодияҳои динӣ дар пешгирии экстремизм ҷаласаи омӯзишӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин палата.

Дар ҷаласа намояндаи Кумитаи дин, танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба консепсия, вазифаҳои созмонҳои динӣ дар таъмини амнияти миллӣ ибрози андеша намуд.

Иброз гардид, ки консепсия иттиҳодияҳои диниро ҳамчун шарики муҳими давлат дар муборизаи идеологӣ бар зидди ифротгароӣ устувор мегардонад.

Маҳз маърифати солим, ватандӯстӣ ва ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ метавонад сипари асосӣ дар баробари таблиғоти гурӯҳҳои экстремистӣ дар фазои интернетӣ бошад.

Дар ҷаласа роҳбарияти Палатаи ҳисоб таъкид доштанд, ки шарҳ ва татбиқи амалии ин консепсия барои таҳкими маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва бунёди давлати дунявӣ ва муосир заминаи мустаҳкам мегузорад. Мақоми олии аудити ҷумҳурӣ сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт комилан дастгирӣ намуда, барои пешгирии хатарҳои муосир саҳми намоён мегузорад.

АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 9, 2026 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад