Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 10.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. То 5 июн боғпарварони мамлакат 15043 тонна мева ҷамъоварӣ намуданд, ки аз он 29 тоннашро ангур ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Навъи ангуре, ки ба ҷамъоварии он шуруъ гардидааст, бо номи «Ҳисори тезпазак» ва «Зарифӣ» мебошад. Он асосан дар минтақаҳои водии Ҳисор ва ноҳияҳои ҷануб парвариш меёбад. Ин навъи ангур аз дигар ангурҳо бо шакл ва ранг фарқ мекунад.
Имрӯзҳо ангурпарварони мамлакат дар баробари ба бозори истеъмолӣ ба фурӯш баровардан, инчунин ба захира, содирот ва хушк намудани ангур машғул мебошанд.
Бо мақсади рушди соҳа «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул карда шудааст. Зимни амалӣ гардидани ин барнома майдони токзор бештар мегардад.
Барнома ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, дастрасии корхонаҳои коркард ба ашёи хом, афзоиши иқтидори содиротӣ, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ нигаронида шудааст.
Мутахассисон иброз медоранд, ки ангури навъи «ҳисории пешпазак» қобиляти дуру дароз нигоҳ доштан надорад. Ин навъи ангур бо таъм ва шакли худ аз навъҳои дигари ангур фарқ мекунад.
Дар Тоҷикистон чунин навъҳои ангур бештар парвариш карда мешаванд: «пешпазак—чиллагии сафед, зарифӣ», «ҳисории пешпазак», «миёнапазак — кишмиши сиёҳ», «кишмиши хушрӯ», «кишмиши сафед», «ҳусайнии сафед», «қароҷанҷол», «султонӣ», «шакарангур», «анзоб», «миёнапазак — тоифии сурх», «нимранг», «шаробӣ — саперавӣ», «мускати сурх», «тавкверӣ», «тербаш», «тагобӣ», «морастел», «рислинг», «алиатико», «алиготе», «расмӣ», «кӯлҷонӣ», «пинос» ва ғайра.
Ангурро дар хонаҳои махсус барои зимистон ва баҳор низ нигаҳ медоранд. Дар деҳаҳои шимоли водии Ҳисор, ки мардумаш ба ангурпарварӣ шуғл доранд, ангурро дар моҳи октябр, пеш аз сардиҳо ҷамъоварӣ мекунанд. Дар ҳар ҳавлии боғдорон ҳуҷрае бо номи «ангурхона» мавҷуд аст, ки дар он хӯшаҳои ангурро ба торҳои аз шифт ба поён овезон мебанданд. Пеш аз он ки ангурро ба шифти хона овезанд, аввал дар Офтоб чанд соат мегузоранд, то думчаи тараш пажмурда шавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






