Дар Тоҷикистон дар даҳ сол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 22.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил маъракаи муҳими сиёсӣ буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар даҳ сол як маротиба гузаронида мешавад. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат солҳои 2000, 2010 ва 2020 маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида шудааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 31 октябри соли 2030 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад.
Баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил манбаи муҳими маълумоти оморӣ буда, барои муайян намудани вазъи воқеии аҳолӣ ва шароити зиндагии онҳо аҳамияти калон дорад. Натиҷаҳои он барои рушди устувори мамлакат ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон истифода мешаванд.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» ташкили тайёрӣ, гузаронидан, коркард, ҷамъбаст, нашри натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ба зиммаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.
Дар асоси Фармони Президенти мамлакат ба таври шартномавӣ кормандон дар маъракаи баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ҷалб карда мешаванд. Аз ҷумла, дар дастгоҳи марказии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 воҳиди корӣ аз 1 июли соли 2026 то 31 декабри соли 2033, сарраёсатҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе 22 воҳид аз 1 январи соли 2027 то 31 декабри соли 2032 ва раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои омори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 108 воҳиди корӣ аз 1 июли соли 2027 то 31 декабри соли 2031 ташкил карда мешаванд.
Дар Фармони Президенти ҷумҳурӣ чунин омадааст: «Барои сари вақт ва дар сатҳи баланд ташкил намудану гузаронидани баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2030 ва зиёд кардани андозаи музди миёнаи кормандони ҷалбгардида нисбат ба басти вазифавии кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,5 маротиба пешбинӣ карда шавад».
Тибқи Фармони Президенти Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории корҳо оид ба тайёрӣ, гузаронидан, ҷамъбаст ва нашри натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2030 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2033 ва грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд.
Ҳамчунин вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти давлатии омор барои босифат ва сари вақт гузаронидани ин чорабинӣ ёрии ҳаматарафаи амалӣ мерасонанд.
Бояд тазаккур дод, ки ин маъаракаи сиёсӣ дар мамлакат охирон маротиба соли 2020 гузаронида шуда, 15 рӯз идома ёфт. Пурсишҳо бо се тарз-яъне пур кардани варақаҳои барӯйхатгирӣ бо истифода аз сомонаи интернетӣ, истифода аз планшет дар ҳамаи маҳалҳои шаҳрии ҳудуди ҷумҳурӣ ва усули анъанавии пур кардани саволномаҳо дар варақаҳо дар маҳалҳои деҳот анҷом дода шуд.
Дар рафти барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 технологияи муосир истифода шуда, беш аз 35 ҳазор барӯйхатгирандагон фаъолият намуданд. Соли 2020 ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ истиқомат доштанд ва ё муваққатан ба хориҷа рафтанд, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ, ки муваққатан дар ҳудуди ҷумҳурӣ буданд, ба рӯйхат гирифта шуданд.
Дар варақаҳои иттилотӣ аз шаҳрвандон ҷинс, синн, сана ва ҷои таваллуд, миллат, забони модарӣ, донистани дигар забонҳо, шаҳрвандӣ, ҳолати оилавӣ, шумораи фарзандон, таҳсилот, ҷои зист, фаъолияти муҳоҷиратӣ, шароити манзилӣ, фонди манзил, манбаъҳои воситаҳои зиндагӣ ва шуғл аз саволҳое буданд, ки дар варақаи барӯйхатгирии аҳолӣ ҷой дода шуданд.
Барӯйхатгирии аҳолӣ маъракаи муҳими давлатию сиёсӣ арзёбӣ гардида, натиҷаҳои он маҳз барои таҳияи стратегияи барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ, баҳодиҳии вазъи демографию иҷтимоии аҳолӣ ва сатҳи некуаҳволии аҳолии мамлакат нақши муҳим дорад.
АКС аз манбаъҳои боз








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
КОНСТИТУТСИЯ-ТАҲКУРСИИ УСТУВОР ВА САНАДИ БУНЁДГУЗОР. Он дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
КОНСТИТУТСИЯ–САНАДИ КАФОЛАТДИҲАНДАИ ҲУҚУҚИ ЗАНОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






