Дар Тоҷикистон низоми муосири электронии мубодилаи сертификатҳои фитосанитарӣ татбиқ мегардад

Июнь 19, 2026 10:50

ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо рақамикунонӣ ба яке аз омилҳои калидии баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёт ва рушди тиҷорати байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар чунин шароит мутобиқ намудани низоми фитосанитарии мамлакат ба талабот ва стандартҳои муосири байналмилалӣ на танҳо талаботи замон, балки шарти муҳим барои иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар занҷираҳои ҷаҳонии таъминот ва савдо ба ҳисоб меравад.Ин матлаб 17 июн дар шаҳри Душанбе зимни ҷаласа оид ба баррасӣ ва ҷорӣ намудани низоми сертификатҳои электронии фитосанитарӣ (ePhyto) баён гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа ба масъалаҳои муҳими татбиқи низоми муосири электронии мубодилаи сертификатҳои фитосанитарӣ, аҳамияти он барои рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори содиротӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва густариши ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки ҷорӣ намудани низоми ePhyto имконият фароҳам меорад, ки расмиёти фитосанитарӣ сода, шаффоф ва самаранок гардонида шуда, муҳлати барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо коҳиш ёбад, хароҷоти маъмурӣ кам карда шавад, хавфҳои вобаста ба истифодаи ҳуҷҷатҳои коғазӣ ва эҳтимоли қалбакӣ шудани онҳо бартараф гарданд, инчунин мубодилаи иттилоот байни мақомоти ваколатдори давлатҳо дар сатҳи байналмилалӣ беҳтар ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки татбиқи ин низом ба баланд гардидани сатҳи эътимоди шарикони тиҷоратии хориҷӣ нисбат ба маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, вусъат бахшидани содироти маҳсулот, мусоидат ба дастрасӣ ба бозорҳои нави байналмилалӣ ва таҳкими нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоди тиҷоратӣ мусоидат хоҳад кард.

Иштирокчиён масъалаҳои марбут ба марҳилаҳои татбиқи низоми ePhyto, тақвияти ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба татбиқи самараноки ин низом мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 19, 2026 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд