Дар Вазорати мудофиа оид ба саҳми Артиши миллӣ дар таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир шуд

Июнь 27, 2026 16:45

ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо сиёсати хирадмандонаю инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва садоқати хизматчиёни ҳарбӣ дар саросари мамлакат ваҳдати воқеӣ таъмин гардида, Артиши миллӣ дар баробари дигар сохторҳои қудратӣ барои татбиқи Конститутсия ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст. Чунин иброз гардид зимни ҳамоиши идона, ки дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиа хабар доданд, иштирокчиёни ҳамоиш аз нақши Артиши миллӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, пойдории давлатдорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ёдовар шуданд.

Гуфта шуд, ки дар таърихи ҳар як миллат ва давлати соҳибистиқлол Артиши миллӣ ё Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо кафили амният ва ҳифзи марзу буми давлат, балки пояи устувори Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ Артиши миллӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, пойдории давлатдорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши назаррас ва сарнавиштсоз дорад.

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги Ваҳдати миллӣ барои ҷомеа, ҳифзу гиромидошти он, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ дар байни афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби ҷасорату мардонагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста омӯзонида мешавад. Ин раванд ҳамчун намунаи равшани татбиқи ваҳдати воқеии миллӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ арзёбӣ гардид.

Рӯзҳои аввали таъсис Артиши миллӣ ҳамчун сутуни боэътимоди давлатдорӣ дар таҳкими суботу оромӣ, Ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу созиш саҳми бевосита гузоштааст. Маҳз бо садоқатмандии афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон тавонистанд 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонида, дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ қадамҳои устувор гузоранд.

Дар фарҷом дастаҳои варзишии ҷузъу томҳои ҳарбии Вазорати мудофиа, ки дар мусобиқаҳои варзишии бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҳорати баланд нишон дода, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида буданд, бо Ҷоми мусобиқа, Сипоснома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 27, 2026 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд