Дар Вена оид ба таъсиси низоми «Равзанаи ягона» барои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон санади грантӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 июн дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир бо Директори генералии ЮНИДО Герд Мюллер ва намояндаи доимии Федератсияи Русия дар назди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Австрия Михаил Улянов санади лоиҳавии грантӣ оид ба таъсиси низоми «Равзанаи ягона» барои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ба маблағи 1,7 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд, лоиҳаи низоми «Равзанаи ягона» барои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи Русия тавассути ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат ЮНИДО маблағгузорӣ мегардад.
Татбиқи лоиҳа ба рақамиикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ, содагардонии расмиёти маъмурии онҳо, баланд бардоштани шаффофият, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва ҷалби бештари сармоягузорону соҳибкорон ба минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Санадро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва Директори генералии ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат ЮНИДО Герд Мюллер ба имзо расониданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






