Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
ДУШАНБЕ, 13.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол мавқеи худро дар раддабандии нави ФИФА, ки дар сомонаи расмии созмон нашр шуд, беҳтар кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар муқоиса бо раддабандии қаблӣ, тими миллии мо ду зина боло рафта, ҳоло бо касби 1224,19 имтиёз дар мақоми 101-уми ҷаҳон қарор дорад. Байни дастаҳои мунтахаби қораи Осиё Тоҷикистон дар зинаи 18-ум ҷойгир аст.
Бозии навбатии мунтахаби Тоҷикистон моҳи сентябр муқобили яккачини Озарбойҷон баргузор мешавад. Ин дидор дар шаҳри Боку доир мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






