Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф дар нашрияи байналмилалии «Asia Education Review» муаррифӣ гардид

Июнь 10, 2026 15:12

ДУШАНБЕ, 10.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар саҳифаҳои нашрияи бонуфузи байналмилалии «Asia Education Review» фаъолияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ инъикос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин нашрия Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун яке аз донишгоҳҳои маъруф ва пешсафи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳсилоти муҳандисӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва рушди илму технология муаррифӣ гардидааст, ки ин аз эътирофи байналмилалии имкониятҳои илмӣ, таълимӣ ва инноватсионии муассиса дарак медиҳад.

Ин дастоварди муҳим натиҷаи сиёсати пайгирона ва фаъолияти мақсадноки муассиса барои рушди ҳамкории байналмилалӣ, густариши робитаҳои байнифарҳангӣ ва муаррифии иқтидори илмиву таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Нашри маводи иттилоотӣ дар ин маҷаллаи байналмилалӣ аз афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дастовардҳои донишгоҳ ва таҳкими мавқеи он дар фазои таҳсилоти олии байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Инъикоси фаъолияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар нашрияҳои бонуфузи байналмилалӣ на танҳо дастоварди муҳим барои муассиса, балки нишондиҳандаи эътирофи иқтидорҳои илмӣ, таълимӣ ва инноватсионии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ минбаъд низ барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, тавсеаи мубодилаи академӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки таълимиву илмӣ тадбирҳои муассир андешида, барои фароҳам овардани имкониятҳои нави рушди илм, технология ва таҳсилоти муҳандисӣ фаъолияти худро бо маром идома хоҳад дод.

«Asia Education Review»- нашрия ва платформаи пешбари соҳаи маориф дар Осиё буда, масъалаҳои рушди таҳсилот, ҳамкории муҳити академӣ ва саноат, инчунин имкониятҳои таҳсил ва рушди касбиро инъикос менамояд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Июнь 10, 2026 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд