ФАРҲАНГИ СУЛҲИ ТОҶИКОН – НАМУНАИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН. Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсӣ ва маърифатӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст, дар Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ ва маърифатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази иттилоот ва таҳлилии ин ҳизб хабар доданд.
Ҳамоиш таҳти унвони «Фарҳанги сулҳи тоҷикон – намунаи сулҳ дар ҷаҳон» баргузор шуда, зимни он иброз шуд, ки Тоҷикистон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистааст таҷрибаи нодири таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии осоиштаро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Ин таҷриба имрӯз ҳамчун «модели сулҳи тоҷикон» мавриди омӯзиш ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.
Таъкид шуд, ки қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда натиҷаи талошҳои пайгиронаи Тоҷикистон дар самти таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулгароӣ ва густариши ҳамкории созанда байни давлатҳо мебошад.
Дар рафти ҳамоиш иштирокчиён зарурати боз ҳам густариш додани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ байни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро таъкид карданд.
Гуфта шуд, ки ҷавонон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа бояд дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ фаъол бошанд.
АКС: Маркази иттилоот ва таҳлилии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид






