Фарҳангу таърихи Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишгоҳи ADA-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид

Июнь 9, 2026 08:54

ДУШАНБЕ, 09.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар 14-умин Фестивали байналмиллалии фарҳангӣ, ки бо ташаббуси Донишгоҳи ADA-и Озарбойҷон баргузор карда шуд, иштирок намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд, ҳадаф аз баргузор намудани фестивал муаррифии таърих, фарҳанг, санъат ва таомҳои миллии давлатҳои хориҷӣ буд.

Дар ҳошияи фестивал дар қатори дигар давлатҳо гӯшаи миллии Тоҷикистон иборат аз намунаи ҳунарҳои пурғановати мардумӣ, аз ҷумла сузанӣ, туҳфаҳои хотиравӣ аз сафол ва чӯб, сангҳои рангаи Тоҷикистон ва маводи чопӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии мамлакат ба намоиш гузошта шуда, дар қисми дигари ин гӯша дастархони тоҷикӣ иборат аз хӯрокҳои миллӣ ороста шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи консертӣ бо муаррифии суруду рақсҳои миллии мамлакатҳои мухталиф баргузор шуда, дар он рақси миллии тоҷикӣ низ намоиш дода шуд.

Дар чорабинӣ як қатор сафоратҳои муқими Ҷумҳурии Озарбойҷон, устодон ва донишҷуёни ин донишгоҳ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Июнь 9, 2026 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид