ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя намуд

Июнь 9, 2026 14:44

ДУШАНБЕ, 09.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз тамоми шаҳрвандон, махсусан падарону модарон даъват менамояд, ки ба фарзандон қоидаҳои шиновариро фаҳмонида, ҳангоми оббозӣ онҳоро беназорат нагузоранд.

Ҳамасола, бо фаро расидани мавсими оббозӣ, мутаассифона ҳодисаҳои зиёди ғарқшавии кӯдакону наврасон дар кӯлу дарёҳо, каналҳо ва дигар маконҳои хатарнок ба қайд гирифта мешаванд. Аксари чунин ҳодисаҳои нохуш дар натиҷаи беэҳтиётӣ, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ ва беназорат мондани ноболиғон рух медиҳанд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, моҳи июн ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар Тоҷикистон аз 1 то 2 дараҷа аз меъёри иқлим баландтар пешгӯӣ мешавад. Инчунин дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво то 45 дараҷа гарм мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз шиноварӣ дар маконҳои хатарнок ва ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш аз сокинону меҳмонони мамлакат, бахусус волидайни наврасон хоҳиш менамояд, ки дар соҳили обҳо ва ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро риоя намуда, фарзандони хурдсолашонро ҳангоми оббозӣ беназорат нагузоранд. Зеро баъзе наврасон қоидаҳои асосии шиновариро намедонанд, ки оқибати он ба нохушӣ мебарад.

Донистани қоидаҳои шиноварӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад ғарқшавӣ ва оқибатҳои ногувори онро пешгирӣ намояд. Шиноварӣ танҳо барои одамони солим фоидабахш буда, пеш аз он ҳатман бояд аз назорати духтур бояд гузашт. Вақти хубтар барои шино давоми шабонарӯз: аз соати 8 то 10-и саҳар ва 17 то 19- и бегоҳ мебошад.

Ба шахсоне, ки малакаи шиноварӣ надоранд, танҳо дар ҷойҳои махсус муқарраршуда ва ҷиҳозонида оббозӣ кардан иҷозат дода мешавад.

Мусаллам аст, ки бо оғоз гардидани мавсими шиноварӣ масъулини дахлдор бо сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ суҳбату вохӯриҳо анҷом дода, ба онҳо қоида ва маконҳои онро шарҳ медиҳанд. Новобаста аз ҳушдорҳои қатъии масъулин, сокинони ҷумҳурӣ дар чунин дарёҳо худсарона ба оббозӣ машғул шуда, ҳаёти худу наздиконашонро дар хатар мегузоранд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Июнь 9, 2026 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд