Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид

Июнь 11, 2026 16:21

ДУШАНБЕ, 11.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ  Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» ва ҷаласаи мубоҳисавӣ дар мавзуи «Ҳизбҳои сиёсӣ: таҳкими пули дӯстӣ ва ҳамкорӣ»  баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи Форум иброз гардид, ки мубоҳисаҳои имрӯза марҳалаи пурсамар дар таҳкими муносибатҳои шарикӣ  хоҳанд шуд ва барои амалисозии лоиҳаҳои нави муштарак, ки ба манфиати давлатҳо ва халқҳо  нигаронида шудаанд, такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода изҳор намуд, ки ҳадаф аз баргузории Форуми ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ», ки имрӯз моро ба ҳам овардааст, устувор гардонидани муносибатҳои давлатҳои дӯст ва мардумони онҳо, муколама ва табодули таҷриба, таҳкими ҳамгироию ҳамраъйӣ байни ҳизбҳои давлатҳои дӯст, равона намудани ташаббусҳои онҳо барои таҳкими сулҳу амнияти пойдор ва саҳмгузорӣ ҷиҳати пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои замони муосир мебошад.

Дар чаҳорчӯбаи Форуми ҳизбҳои сиёсӣ ҷаласаи мубоҳисавӣ дар мавзуи «Ҳизбҳои  сиёсӣ ҳамчун омили муҳими таҳкими дустӣ ва ҳамкории судманд» ҷараён гирифт.

Намояндаи Ҳизби умумирусиягии «Единая Русия» Андрей Денисов оид ба ҳамкории дуҷониба сухан намуда, иброз дошт, ки ҷониби  Федератсияи Русия ба рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда,  анъанаҳои деринаи дӯстӣ байни давлатҳо ва халқҳои мо пояи мустаҳками ҳамкории моро ташкил медиҳанд ва муколамаи боэътимоду  доимии байни роҳбарони давлатҳо  онҳоро бо нақшаву лоиҳаҳои муштараки мушаххас пурра менамоянд.

Муовини сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Ҳизби Коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Хайян изҳор дошт, ки дар ин замони пур аз таҳаввулот ин ҳамоиш метавонад барои ба таҳкими шарикии стратегӣ ва устувор гардидани дӯстии ду халқ мусоидати назаррас намояд.

Раиси ҳизби сиёсии «Белая Русь» Олга Чемоданова иброз дошт, ки муносибатҳои Беларус ва Тоҷикистон таърихи тӯлонӣ доранд. Дар Беларус ёди қаҳрамонии аскарони тоҷик, ки дар озод кардани мамлакати мо аз фашистони истилогар ҷони худро дареғ надошта, саҳми арзанда гузоштанд, гиромӣ буда, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд.

Узви Раёсати ҳизби «Ени Азарбайджан» Азер Бадамов афзуд, ки Озарбойҷон ва Тоҷикистонро робитаҳое мепайванданд, ки бар дӯстии таърихӣ, эҳтироми мутақобила ва боварӣ асос ёфтаанд. Мардумони моро арзишҳои умумии маънавӣ, наздикии фарҳангӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ муттаҳид месозанд ва ҳамкории ҳизбӣ метавонад барои рушди ин робитаҳо нақши бориз дошта бошад.

Баъд аз муҳокима ва пешниҳодҳои иштирокчиён, ҳуҷҷати ниҳоии Форум — Муроҷиатномаи иштирокчиёни Форуми байналмилалии «Ҳизбҳои сиёсӣ ва дурнамои нави ҳамкорӣ» ба неруҳои пешқадами сиёсии давлатҳо бо якдилона қабул карда шуд.

Дар асоси барномаи таҳиягардида, иштирокдорони Форум  бо фаъолияти  Неругоҳи барқи обии «Норак» ба номи Турсун Улҷабоев ва  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Боғи анор»-и шаҳри Норак  шинос мешаванд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2026 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид