ИМД-2026. Барои довталабон 55 маркази имтиҳонӣ ташкил гардид

Июнь 8, 2026 12:07

ДУШАНБЕ, 08.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 10 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Даври якум (асосӣ)-и имтиҳонҳо – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) дар 55 маркази имтиҳонӣ оғоз шуда, то 10 июл идома меёбад.

Бо мақсади роҳнамоии довталабоне, ки дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ (аз 2 март то 30 апрел) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2026 аз қайд гузаштаанд, рӯйхати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиеро, ки дар заминаи онҳо барои баргузории ин имтиҳонҳо марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудааст, дар сомонаи худ ҷойгир намуд.

Маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш қайд карда мешавад. Ин маълумот барои довталабон дар кабинети инфиродияшон низ дастрас мешавад.

Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки пас аз дастрас кардани даъватнома аз рӯйхати дар сомонаи марказ овардашуда дар бораи нишонӣ ва нуқтаи роҳнамои маркази имтиҳоние, ки дар даъватномаашон нишон дода шудааст, огоҳ шаванд.

Довталаб бояд дар маркази имтиҳонӣ аз рӯйи ҷадвали имтиҳонҳо дар рӯзи муайяншуда 1 соату 30 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон бо даъватнома, шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташ (бо муҳр ва сурат) ва ду ручкаи одии рангаш сиёҳ ҳозир шавад.

Марказҳои имтиҳонӣ барои даври якум дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 21 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Турсунзода, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ ташкил карда мешаванд.

Тавре аз Маркази миллии тестӣ хабар доданд, имсол бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва осонии кори довтал­абон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2026 якчанд навгонӣ ворид намудааст. Аз ҷумла, саволу масъалаҳои навъи ку­шода – бо ҷавобҳои кӯтоҳ дар субтестҳои забони тоҷикӣ, адаби­ёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ ва арабӣ) ворид карда шудаанд.

Инчунин тартиби нави интихоби ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсуси Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Ми­рзо Турсунзода пешниҳод шудааст. Дов­талабон аз ин донишк­ада то 12 комбинатси­яи ихтисоси супоридани имтиҳони қисми В-­ро талабкунандаро, нов­обаста аз он ки тала­боти имтиҳонҳо чӣ гу­на аст, интихоб карда метавонанд.

Дар ҳамкорӣ бо Дониш­кадаи давлатии фарҳа­нг ва санъати Тоҷики­стон ба номи Мирзо Турсунзода дар минтақ­аҳо (шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ, Кӯлоб ва ноҳияҳои Дарвоз, Рашт ва Айнӣ) барои баргузории имтиҳонҳ­ои эҷодӣ ва (ё) маҳо­рати махсус марказҳои имтиҳонӣ ташкил ка­рда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, субтестҳо аз забонҳои немисӣ, фаронсавӣ ва арабӣ дар шакли варақаҳои алоҳида чоп карда мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 8, 2026 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд