Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад

Июнь 10, 2026 08:10

ДУШАНБЕ, 10.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо ҳаво то 39  дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кутоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят шабона 0+5 дараҷа, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кутоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кутоҳмуддат меборад. Эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кутоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 19+21 дараҷа гарм ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 10, 2026 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид