ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ. Шарту талаботи он барои довталаб чӣ гуна аст?
ДУШАНБЕ, 06.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 10 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда баргузор мегардад. Ҳангоми имтиҳон довталаб бояд шарту талаботи муқарраршударо донад ва риояд намояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б дар заминаи муассисаи таълимии шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил гардидаанд.
Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи довталабон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ бояд аз 15 нафар беш набошад. Довталабон дар синфхона дар паси ҳар як миз 1-нафарӣ шинонида мешаванд. Имтиҳонҳо тибқи тартиби мазкур, ки дар бораи он пеш аз оғози имтиҳон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ ба довталабон маълумот ва барои риояи талаботу қоидаҳои муқарраршуда дастур дода мешавад, баргузор мегарданд.
Шарту талаботи барои имтиҳонҳо муқарраршуда
Тибқи тартиби муайяншуда, довталаб бояд бо худ шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст, 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ (рангҳои дигар иҷозат дода намешавад, зеро варақаи ҷавобҳои бо рангҳои дигар қайдшуда аз ҷиҳати технологӣ дуруст коркард намешавад) дошта бошад.
Дар хотир доштан зарур аст, ки барои довталаб танҳо дар зарфи шаффоф овардани оби нӯшокӣ иҷозат дода шудааст. Овардани ҷузвдон, китоб, ҳар гуна навиштаҳо, дафтар, маводи иттилоотӣ, телефони мобилӣ ва дигар таҷҳизоту воситаҳои алоқа ва ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра) дар имтиҳон манъ аст.
Пешниҳоди аризаи апеллятсионӣ
Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои шахсӣ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ) ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба тартиби гузаронидани имтиҳонҳо ба довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар шакли хаттӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо дода мешавад.
Аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон намудани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ки агар ба натиҷаи имтиҳонсупории довталаб таъсири манфӣ расонда бошад, бояд бо далелҳо асоснок ва рӯзи имтиҳон, то баромадан аз маркази имтиҳонӣ ба номи роҳбари маркази имтиҳонӣ пешниҳод карда шавад.
Қолаби аризаи апеллятсиониро дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба довталаб тибқи дархосташ роҳбари маркази имтиҳонӣ медиҳад.
Довталаб аризаро дар бораи вайрон намудани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо пур карда, ба роҳбари маркази имтиҳонӣ месупорад. Роҳбари маркази имтиҳонӣ уҳдадор аст, ки довталабро аз муҳлати баррасии ариза ва пешниҳоди натиҷаи он огоҳ намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Ҳудуди Тоҷикистон яке аз масирҳои асосии кӯчиши парандагон дар Осиё аст
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид






