Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд

Июнь 6, 2026 09:00

ТОҶИКОБОД, 06.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи дурнамои зироати кишоварзӣ, имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Тоҷикобод дар 2106 гектар кишти картошка ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 2 июни соли равон нақшаи кишти картошка аз тарафи аҳолӣ барзиёд иҷро шуда, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ кишти картошка ба 85 фоиз расидааст.

Тавре сардори шуъбаи кишоварзии ноҳияи Тоҷикобод Ҷамшед Давлатбеков ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иброз дошт, айни замон кишти картошка дар мавзеъҳои баландкӯҳҳо идома дорад.

«Кишоварзони ноҳия кӯшиш доранд, ки нақшаи кишти картошкаро барзиёд иҷро намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд. Айни ҳол дар ноҳия 160 адад техникаи гуногун ва 250 намуд мошинолот аз қабили картокашинонак дар ҳолати корӣ қарор доранд. Онҳо барои вусъат бахшидан ба рафти кишту кори саҳроӣ, бахусус картошка мусоидат менамоянд»,-афзуд Ҷамшед Давлатбеков .

Иттилоъ дода шуд, ки мувофиқи боду ҳавои минтақа картошкапарварони ноҳия бештар картошкаи маҳаллии навъи «Тоҷикистон-24» ва «Сурхоб» мекоранд. Инчунин имсол навъҳои картошкаи «Покистон» ва «Бигроза»-ро шинонда истодаанд.

Бояд гуфт, ки дар ноҳия зиёда аз 80 фоизи аҳолии қобили меҳнат ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд. Ҳамасола онҳо зиёда аз 70 фоизи маҳсулоти умумии ноҳияро истеҳсол менамоянд.

Имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Тоҷикобод дар майдони 6 ҳазору 94 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронда шуда, 10 гектар боғи себу нок, аз ҷумла 2,5 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардида ва 8 гектар боғи куҳна барқарор карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод

Июнь 6, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд