Кормандони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино корҳои ободониро бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат додаанд
ДУШАНБЕ, 10.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни бузурги миллӣ — 35- солагии Истиқлоли давлатӣ қариб 3 моҳи дигар боқӣ мондааст. Дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе масъулин кӯшиш доранд, ки ин вақтро босамар истифода бурда, ба корҳои созандагию ободонӣ вусъат бахшанд. Аз ҷумла, аз ҷониби Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт ҷиҳати сабзу хуррамгардонӣ ва тозагии муҳити зист тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино хабар медиҳад, имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои ноҳия корҳои тозакунӣ, гирифтани зернавдаҳои дарахтон, нигоҳубини сабзазор ва шинонидани гулу буттаҳо бомаром идома доранд.
Кормандони ин муассиса дар хиёбони Исмоили Сомонӣ гулҳои мавсимӣ шинонида, дар кӯчаи Низомии Ганҷавӣ зернавдаҳои дарахтонро тоза ва нармкунии замини гирди ниҳолҳоро анҷом доданд. Ҳамзамон, дар маҳаллаи 112 –и пойтахт тоза намудан, кашонидани партовҳо, омода намудани ҷойҳо барои газон ва гулзорҳо, корҳои тозакунӣ, гирифтани зернавдаҳои дарахтон, инчунин нигоҳубини сабзазорро дар ҳудуди ноҳия ба итмом расониданд.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, «ҳар шаҳрванд ва ҳар оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави кишварро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба кори маъмулӣ табдил ёбад. Яъне ҳар фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азизи хеш кори некеро анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад».
АКС: Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино










Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






