Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор шуд

Июнь 11, 2026 13:23

ДУШАНБЕ, 11.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» Қоҳир Расулзода маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ин иншооти бузурги аср баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар маҷлис аъзои Шурои нозирон, ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмон ва ба истифода супурдани иқтидорҳои неругоҳ, котиботи Шурои нозирон, саҳмдорон ва роҳбарияти вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Аз рӯи рӯзнома 9 масъала, аз ҷумла ҳисоботи директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» вобаста ба фаъолияти ҷамъият дар соли 2025, масъалаи зиёд намудани сармояи оинномавӣ, ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ, хулосаи аудитор барои соли 2025, интихоби аъзои Шурои нозирон ва аъзои комиссияҳои тафтишотӣ ва баҳисобгирии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» баррасӣ гардиданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» маҳз бо талошу заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуда истода, ба «Кохи нури миллат» ва рамзи истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон табдил ёфт.

Бо назардошти баланд шудани сатҳи оби обанбори неругоҳ соли 2025 истеҳсоли қувваи барқ низ нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат — таъмини истиқлолияти комили энергетикӣ қадами муҳим гузошта шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки истеҳсоли қувваи барқ дар неругоҳ соли 2025 зиёда аз 1,6 миллиард килловат/соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 400 миллион килловат/соат зиёд аст.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамасола аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» маблағҳои заруриро пешбинӣ менамояд. Танҳо соли 2025 барои идомаи корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 8,2 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Дар идома аъзои Шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» дар ҳайати 13 нафар ва комиссияи тафтишотии ҷамъият иборат аз 5 нафар тасдиқ гардиданд.

Ҳамчунин вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор кабул карда шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2026 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст