Масоили ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар Латвия баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 09.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи солонаи Шурои мудирони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо роҳбарияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баргузор шуд.
Тибқи иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар мулоқотҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, инфрасохтори коммуналӣ, рушди бахши хусусӣ, молияи «сабз», рушди бозори молиявӣ ва ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд ва пешбурди лоиҳаҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Стратегияи нави Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои солҳои 2025–2030 иброз намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






