Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ таъмин гардиданд

Июнь 7, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 07.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони рушд ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии мамлакат озмоишгоҳи муосири омӯзишӣ аз фанни физика тақдим гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд, ин иқдом дар заминаи татбиқи барномаҳои давлатӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди тафаккури техникӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир амалӣ гардида, ба беҳтар намудани шароити омӯзиш ва ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим мусоидат менамояд.

Озмоишгоҳи муосири фанни физика бо таҷҳизоти нави таълимӣ, асбобҳои озмоишӣ ва воситаҳои техникии мутобиқ ба талаботи замони муосир таъмин шудааст. Ин имконият фароҳам меорад, ки хонандагон ва донишҷӯён донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда, малакаҳои таҳлилӣ, таҷрибавӣ ва ихтироъкориро тақвият бахшанд.

Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ иброз доштанд, ки рушди илмҳои дақиқ, бахусус фанни физика, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси техникӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо озмоишгоҳҳои муосир барои баланд бардоштани сифати таълим ва мутобиқ намудани муҳити омӯзиш ба талаботи бозори меҳнат аҳамияти махсус дорад.

Истифодаи чунин озмоишгоҳҳо ба омӯзгорон имкон медиҳад, ки раванди таълимро бештар амалӣ ва ҷолиб ба роҳ монанд. Ҳамзамон донишҷӯён метавонанд тавассути гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ ва омӯзиши равандҳои физикӣ донишу малакаҳои касбии худро такмил диҳанд.

Дар оянда таъсис ва дастрас намудани чунин озмоишгоҳҳои муосир аз дигар фанҳои таълимӣ низ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии мамлакат дар назар дошта шудааст.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 7, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд