Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуд

Июнь 19, 2026 15:50

ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо фаъолияти кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар медиҳад.

Сулаймон Зиёзода бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияҳо аз наздик шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки сокинони ин минтақа бештар картошка парвариш намуда, соли равон низ кишоварзон навъҳои серҳосили картошкаро ҷамъоварӣ намуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат ҳангоми шиносоӣ аз майдонҳои кишти зироати кишоварзӣ роҳбарияти ноҳияро  таъкид кард, ки барои амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои баланд намудани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, самараноку оқилона истифода намудани ҳар қитъаи замин талош намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Июнь 19, 2026 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд