Нақшаи рушди низоми энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муаррифӣ гардид

Июнь 7, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 07.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе «Нақшаи рушди низоми энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Power System Plan – PSP) барои солҳои 2025-2050» расман муаррифӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Нақшаи рушди низоми энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2025-2050» бо ибтикори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди байналмилалии устувории гидроэнергетика (Hydropower Sustainability Alliance – HSA) муаррифӣ гардида, дар маросими он намояндагони вазорату идораҳои марбута, роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ», шарикони рушд ва коршиносон ҳузур доштанд.

Муовини Вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода зимни муаррифии нақша иброз намуд, ки он танҳо як ҳуҷҷати техникӣ набуда, балки дурнамои дарозмуддати мо барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва гузариш ба иқтисоди «сабз» мебошад.

Гуфта шуд, ки ин ҳуҷҷат анҷоми муваффақонаи барномаи васеи сесолаи таҳкими иқтидор дар бахши энергетикаи Тоҷикистонро, ки бо дастгирии молиявии Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) амалӣ гардид, таҷассум менамояд.

Дар маросими муаррифӣ, инчунин натиҷаҳои нодири харитасозии фазоӣ (spatial mapping) пешниҳод гардиданд, ки имкон медиҳанд банақшагирии иқтидорҳои нави энергетикӣ бо назардошти стандартҳои қатъии байналмилалии экологӣ ва иҷтимоии устуворӣ беҳтар ба роҳ монда шавад.

Интизор меравад, ки Гурӯҳи кории байниидоравии HydroSelect ба маҳалли лоиҳавии Неругоҳи барқи обии «Айнӣ» сафари саҳроӣ анҷом диҳанд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 7, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд